Для лучшей работы сайта мы используем куки
Шаш савол оиди он, ки чи тавр шаҳрванди хоричи бо аризаи шикоятӣ оиди хушунат ба полис мурочиҳат кунад
18 июл, 2022
Агар зан аз хушунати чисмонӣ зарар дида бошад ( мисол, лату куб ) ё хушунати хосияти ҷинсӣ дошта дар худуди кишвари дигар, шояд фикр кунад, ки ба полис муроҷиҳат кардан аҳамият надорад. Вале чунин нест. Хушунат - ин падидаи хусусӣ ё оилавӣ нест, агар ҳатто он дар оила ё муносибатҳои наздики маҳрамона сурат гирад. Хушунат дар ҳар маврид ҷиноят ҳаст новобаста аз он, ки дар куҷо сурат мегирад.
Муроҷиат ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳар кишвар ин амали хатмӣ барои ҳифзи худ ва ҳуқуқҳои худ ва ба чавобгарӣ кашидани омилони он мебошад.
МУҲИМ
Муроҷиат намудан оиди хушунат  мумкин  ва ҳатми дар ҳар замон ҳаст, ҳатто агар дар бадан осори он намондааст. Вале, ҳар қадар зудтар баьди ба амал омадани хушунат ба полис муроҷиат кунед,  имкони бештари ба ҷовобгарӣ кашидани таҷовузгар вуҷуд дорад. 
Ҷавобҳо ба саволҳои умумӣ оиди он, ки чи тавр ба полиси Русия муроҷиат кардан, агар шумо шаҳрванди хориҷӣ бошед.
  1. Ман дар ҳудуди Русия аз хушунат ҷабр дидам, оё ман ҳаққи муроҷиат ба полисро дорам?
Бале доред. Новобаста аз он, ки дар кишвар конунӣ ё ғайри конунӣ ҳузур доред, тартиби муроҷиат ва ҳифзи ҳуқуқи шумо мисли шаҳрвандони Русия мебошад.
Шумо метавонед ба полис бо як чанд усул муроҷиат кунед :
· Бо рақами 102 (полис) ё 112 (рақами ягонаи ҳолатҳои фавкуллода). Агар нисбати шумо айни замон хушунат сурат гирад ҳатман ба полис занг занед ва хабар дихед, ки ҳаёти шумо дар хатар ҳаст. Полис ба назди шумо кормандонро мефиристонад ва онҳо аризаи хаттии шуморо мегиранд, ё аз гуфтаҳои шумо онро менависанд.
  • Ба дилхоҳ шӯьбаи полис омада шахсан ариза пешниход кунед.
  • Ба таври онлайни ариза пешниҳод кардан агар ба ҳаёт ва саломатии шумо таьдид набошад ва дар макони бехатар карор доред. Дар ин маврид ниёзи ба ягон ҷо рафтан нест, аризаи шумо гум намешавад ва онро ҳатман барраси мекунанд, вале баррасии он вақти зиёдтарро талаб мекунад.

Ариза ба таври озод навишта мешавшад, вале дар он бояд номгуйи чизхои зерин дарч гарданд:
1. Номгӯйи мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба он муроҷиҳатнома мефиристонед, ё насаб ном ва номи падари шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ё мақоми ишғолкардаи ӯ . Аз намунае истифода баред, ки ҳатман дар шӯьбаи полис гузошта шудааст ё ҷойи холӣ дар болои варақаи ариза гузоред .
2. Ном насаб ва исми падари худро.
3. Суроғае, ки ба он ба шумо ҷавоби дархости шуморо мефиристонанд.
4. Рақаҳои шумо: почтаи электронӣ ё рақами телефон.
5. Баёни тарзи амалӣ шудани хушунат: ҳатман вақ, макон, шахс ва чи намуди хушунат, тарзи амали намудани он хусусиятҳое, ки онро ҳамчун ҷиноят нишон медиҳанд (мисол, лату куб кард, таъдиди куштан кард ва амсоли инҳо) ва ҳолатҳои вазнинкунанда (гуруҳи шахсон, дар ҳолати нотавонӣ будан ва ғайрахо). Ба гайр аз ин ҳатман нишонаҳои таҷовузкунанда ё таҷовузкунандаҳоро қайд кунед: Ном , номи падар, санаи таваллуд, суроғаи истикомат, рақамҳои телефон.
6. Амалҳое, ки шумо аз макомотҳои ҳифзи ҳуқуқ талаб доред: хатман «Хоҳишмандам тафтишот гузаронед ва ба ҷавобгарӣ кашед ( шахс: ном, номи падар ва дигар маьлумотхо оиди хушунатгар )» - ро илова кунед.
7. Имзои шахсӣ ва санаи муроҷиат.
Кормандони полис вазифадоранд, ки ба шумо варақ, қалам , намунаи ариза ва ҷой барои навиштани он фораҳам оранд.
Баьди он, ки аризаро ба навбатдор супурдед, муфатишро интизор шавед ва ба вай баёнот диҳед. Муҳим: ҳатман варақаи тасдиқунандаро гиред, ки қабули дархости шуморо тасдиқ кунад.
Кадом намуди муроҷиҳат ба полисро, ки шумо интихоб мекунед, мутахасиси Фонд ба шумо дар тартиб ва пешниҳоди он кӯмак мекунад.

Агар ба кумак ниёз доред ба мо тамос гиред!
2. Ман  дар навиштан ва муошират  бо забони русӣ мушкилӣ дорам, чи тавр аризаро ба полис пешниход кунам?
Ҳатми нест, ки аризаро танҳо ё мустакилона пешниход кунед. Агар ба ҷойи шумо ё бо шумо ба полис шахси дигаре, ки забони русиро хуб медонад 
- хешу табор, дугона, шинос ё мутахасиси Фонд - ин шахс метавонад   аризаро пешниҳод кунад ё ба дар тартиб додани он кӯмак кунад. Мазмуни ариза дар ин холат низ бе таъғир мемонад .

Муҳим: баъди он, ки аризаро қабул карданд, барои пурсиш ба назди муфатиш шуморо шахсан даъват мекунанд ва шумо бояд, ақалан  ба саволхои асоси (тасдик кардани факти хушунат, шахсияти хушунатгар ва гайра) -ро чавоб дихед.


Агар ба кумак ниёз доред ба мо тамос гиред!
3. Ман дар кишвар қонуни иқомат дорам,  вале ҳуҷҷатҳои ман дар дасти шавҳар /хеш/ корфармо мебошанд .Чи бояд кард?
Новобаста аз он, ки ҳуҷҷатҳои шумо дар дасти шавҳар, хешу табор ё корфармо мебашанд ва шумо ба онҳо дастрасӣ надоред аризаи шуморо полис кабул мекунад.
Аз ин ҳолат ҳам ба макомотҳои дохили муроҷиҳат кунед, чун ки нигоҳ доштани хуҷҷатҳои шумо ғайри конунӣ ва чинояти дигар ҳаст .Ҳуҷҷатҳо ба шумо дер ё зуд лозим меоянд.

Чораҳои ҳатмии бехатарӣ нисбати ҳуҷҷатҳои шахсӣ:
  • ба ягон кас дар ҳеҷ ҳолат ҳуҷҷатҳоро надиҳед.
  • Нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳоро бо худ дошта дошёд.
  • Ракамҳои консулгароии кишвари худро дошта боше,
  • Дар ҳолате, ки ҳуҷҷатҳоро гум кардаед ё дар дасти касе бошанд, рақамҳои хешоне, ки метавонанд аз кишваратон маълумотнома оиди гирифтани ҳуҷҷатҳоро фиристонанд.

Агар ба кумак ниёз доред ба мо тамос гиред!
4. Ман ҳуҷҷатҳоямро гум кардам ва дар кишвар ғайриқонунӣ иқомат дорам .Чи тавр ба полис муроҷиат кунам?
Хатар ба саломатӣ ва хаёт дар ҳолати хушунат - муҳимтар ва ҷиддитар аз гум шудани ҳуҷҷатҳо ва вайрон кардани қоидаҳои буду бош ва муҳоҷират ҳаст . Барои хамин дар ҳар ҳолат ба полис муроҷиҳат кунед, агар нисбати шумо хушунат сурат гирифтааст.

Агар ҳуҷҷатҳоро гум кардаед бо гузашти 3 рӯз ба полис, барои барқарор кардани онҳо муроҷиҳат кунед.

Барои барқарор кардани мақоми, худ ба сафорати кишвари худ ё ба шуьбаи полис, муроҷиҳат кунед. Барои маьлумоти бештар оиди ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ва қонунгузории Русия дар сомонаи зерин хонед. Ин ва дигар маълумотҳоро оиди қонунгузории муҳоҷират бо забони қиргизӣ, ӯзбекӣ ва тоҷикӣ дар портали зерин дастрас кунед migrussia.ru


Агар ба кумак ниёз доред ба мо тамос гиред!
5. Чи бояд кард агар аризаи маро кабул намекунанд?
МУҲИМ

Агар кормандони полис:

  • аризаи шуморо қабул намекунанд,
  • беамалӣ нишон диҳанд ё аз ҳадди ваколати худ мегузаранд, таҳдид кунанд, шаъну шарафи шуморо паст зананд,
  • аз шумо ришва талаб мекунанд ё дигар амалҳои ғайриқонунӣ,

шумо ҳак доред нисбаташон шикоят намоед.

Аввал маълумоти корманди полисро аз корт ё нишони сари синаги нависед, хоҳиш намоед роҳбари шӯъбаи полис ё муовинашро фарёд кунанд ва ба вай оиди амали ғайриқонунии навбатдор шикоят кунед. Агар корманд аз фарёд кардани роҳбарият худдори кунад, ментавонед ба рақами 112 - рақами ягонаи ҳолатҳои фавкуллода ё ба рақами ройгони Вазорати корҳои дохилии Русия 8-800-222-74-47 ё ба прокуратураи ноҳияи маъмурии худ занг занед ва оид ба қабул накардани ариза шикоят намоед.
Маълумоти бештар оид ба ҳамкори бо полис дар матни зерин хонед. Ин ва дигар маълумотҳо доир ба саволҳои муҳоҷират ба забони киргизӣ, узбекӣ ва точикиро метавонед дар портали хабарии migrussia.ru дастрас намоед.
Дар ёд дошта бошед, ки шумо ҳақ доред, омилонеро, ки  ҳуқуқи шуморо поймол кардаанд мувофиқи конунҳои Русия, ба чавобгари кашед. Шумо дар сар задани хушунат айбдор нестед. Агар ба кумак ниёз доред ба мо мурочихат намоед!
6. Агар ман ба полис шикоят намоям, таҷовузгар чи гуна ҷавобгарӣ дорад?
Агар шавҳари ё хешованди шумо шаҳрвандии Русияро надошта бошад, вале амалҳои ғайриқонунӣ мекунад ва дар ҳудуди Русия бошад вай мувофиқи қонунҳои ин кишвар ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Лату куб, озор, расонидани зарар ба саломатӣ, амалҳои таҷовузгаронаи хусусияти шаҳвонидошта ва дигар шаклҳои хушунат дар оила ғайриқонунӣ мебошанд ва ҷавобгарӣ маъмури ё ҷиноӣ доранд. Барои ҳамин ба полис муроҷиат кардан аз манфиҳат холи нест. Хатман мурочиат намоед ба хотири химояи хукук, саломати ва хаёти худ !
Мутахасисони бунёди SILSILA метавонанд шаклхои хушунатро муаян намоянд ва аз онхо пешгири намоянд. Агар шумо ва наздиконатон ба кумак ниёз доред, ба мо тамос гиред!
Мы благодарим за перевод Мукаддас Бердову!
Мо ташаккур ба тарҷума Мукаддас Бердова